Дар доираи Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Азназаргузаронӣ: 752

Тавре иттилоъ дода шуд, рӯзҳои 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур 400 нафар соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок карда, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, зарфияту имкониятҳои соҳаи саноату кишоварзӣ ошно гардиданд.

Дар доираи ярмарка ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтушунидҳо анҷом дода, барои роҳандозии ҳамкориҳо як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, миёни мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ва кишварҳои иштироккунанда  Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Ӯзбекистон, Белорус, Қазоқистон 60 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Минбаъд дар асоси санадҳои имзошуда тарафҳо барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амалисозии тарҳҳои муштарак фаъолият менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5+.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-1.jpg

9-2.jpg 9-3.jpg 9-4.jpg

9-5.jpg 9-6.jpg 9-7.jpg

9-8.jpg 9-9.jpg