Дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» наздик 400 нафар меҳмонон иштирок мекунанд

Азназаргузаронӣ: 700

Рӯзҳои 17 ва 18 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ярмаркаи савдо, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.

Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба нақша гирифта шуда, тибқи нақша дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

Дар назар аст, ки дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ва форуми тиҷоратӣ илова бар соҳибкорони вилояти Суғд наздик 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Халтон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон иштирок  намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд