Дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шуд

Азназаргузаронӣ: 709

Дар давоми 5 моҳи соли равон дар ҶДММ “Атласи Хуҷанд” 20 ҳазор метр атласу адрас истеҳсол шуд, ки аз он 14 ҳазор метр атлас ва 6 ҳазор метр адрас мебошад. Танҳо дар ду моҳи охир зиёда аз 12 намуди атласи нав истеҳсол гардид. Дар ин бора директори ҶДММ “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров дар суҳбат бо рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» иттилоъ дод.

Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла  атласу адрасбофӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ин буд, ки аз 18-уми марти соли 2022 ҳамаи онҳое, ки ба соҳаи атласу адрасбофӣ сарукор доранд, аз тамоми намуди андозҳо озод карда шуда, танҳо андози иҷтимоӣ ва аз даромади шахсони воқеӣ пардохта мешаванду халос. Ин иқдом боз ҳам барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нигаронида шуда, аз ҳар ҷиҳат манфиатҳои бештарро ба бор овард.

Азимҷон Ғафуров ҳамзамон иттилоъ дод, ки ҶДММ “Атласи Хуҷанд” тасмим дорад, ки бо корхонаи “Кумуш – Сола” – и вилояти Самарқанд корхонаи муштараки ”Самарканд-Суғд-Силк”-ро ташкил намояд ва дар ин самт алҳол корҳои омодагӣ ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд