Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Просмотров: 2268

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад.

Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки  шумораи бошандагони он  дар санаи 1 октябри соли 2021-ум  1828 нафарро ташкил медиҳад.

Кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пардохт карда мешавад. 

Шумораи нафақагирон 234268 нафар ба қайд гирифта, аз он гирандагони нафақаи меҳнатӣ 184447 нафар, бесаробонмонда 6794 нафар ва иҷтимоӣ 49472 нафар, аз ҷумла маъюбон аз овони кўдакӣ 20500 нафар мебошанд. Шумораи умумии нафақагирон нисбат ба 9 моҳи соли қаблӣ 4464 нафар зиёд шуда, андозаи нафақаи миёна ба 316,59 сомонӣ баробар шудааст.

Бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, шахсони дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, инчунин маъюбони бартарафкунии садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил кўмакпулии ҳармоҳа пардохт карда мешавад. 

Дар 9 моҳи соли 2021 тибқи қарорҳои раиси вилоят аз 6 январи соли 2021, №№ 02, 03, 04 ва 05 пардохти кӯмакпулӣ пешбинӣ гардида, барои давраи моҳҳои январ-июни соли 2021 ба маблағи 1092180 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд.

Ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳамаи мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят, хонаи пиронсолон дастурхони идона ороста, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сарпарастон тақдим гардиданд.

Инчунин, оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кўдакони маъюбу ятим аёдат карда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ ёфтанд.