Паёми табрикии Раиси вилоят  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

Азназаргузаронӣ: 838

Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мегардад. Имсол иди касбии сохтмончиён ба рӯзҳое  рост омад, ки сокинони вилояти Суғд аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, барои бо армуғонҳои шоёни меҳнатӣ истиқбол гирифтани солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош доранд.

 Ба ин муносибат, бинокорони гулдаст, собиқадорони соҳа, кулли кормандони  идораю ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашон, пудратчиён ва ҳамаи онҳоеро, ки дар қомат афрохтани иншооти ҳаётан муҳим иштирок мекунанд, табрику муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям. 

Чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.

Дар ин замина, бинокорони вилоят дар бунёди иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, амалӣ  гардонидани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо аҳлона кору фаъолият менамоянд.

Маҳз заҳмати лоиҳакашону  сохтмончиён буд, ки кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ва аз ҷумла вилояти Суғд дар даврони истиқлоли давлатӣ торафт ободу зебо гардида, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 4548,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузории капиталӣ бошад, зиёда аз 776907,3 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум  104,1 фоизро ташкил медиҳад.

 Боиси таъкид аст, ки дар бунёди иншоот сохтмончиёни вилоят қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмонро васеъ истифода намуда, ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани иншооти сохташаванда пайваста талош меварзанд.

Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни вилоят аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллат бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

 Иди касбӣ муборак бошад!