Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Конибодом

Азназаргузаронӣ: 286

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, боғи мазкур дар масоҳати 2000 метри мураббаъ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Архикад” амалӣ шуда истодааст ва дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Сипас, роҳбари вилоят аз фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Конибодом паранда», ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷойгир шудааст, дидан намуд. Фабрикаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ Фахридинова Хосият, Раҳимов Абдуаҳад ва Уроқов Суҳроҳбҷон ташкил шуда истодааст. Масоҳати умумии фабрика 5,6 гектар буда, дар он 4 бино барои парвариши мурғ мавҷуд аст ва дар ҳар яки он ба миқдори 15 000 сар мурғ парвариш карда мешавад. Тибқи лоиҳа дар як сол 600 тонна гўшти мурғ истеҳсол карда мешавад. Баъд аз ба истифода додани иншооти мазкур 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Инчунин, дар ҳудуди фабрика дар масоҳати 1,5 га боғи интенсивии зардолу ба миқдори 510 адад шинонида шуда, 6 гармхонаи парвариши лимў ба масоҳати 0,30 га сохта шуда, дар он тақрибан 1400 бех дарахти лимў парвариш хоҳад шуд.

Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони иншооти соҳаи маориф ошно шуда, ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи иншоот ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-1.jpg

9-2.jpg 9-3.jpg 9-4.jpg

9-5.jpg 9-6.jpg 9-7.jpg

9-8.jpg 9-9-2.jpg 9-9-3.jpg

9-9.jpg