Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назирҷон Қодировро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят аснои суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти ҳамкориҳоро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуд.