Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Узбекистон

Азназаргузаронӣ: 1540

02.06.2022,  Узбекистон

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба бародари азизам, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъвати сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон самимона ташаккур гӯям.

Мулоқоти навбатии мо дар руҳияи созандагӣ ва боварии тарафайн гузашт, ки хоси муносибатҳои  ду халқи бародар мебошад.

Мо аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи мунтазами сиёсиро дар ҳама сатҳҳо муҳим шумурдем.

Дар Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд медиҳанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ Тоҷикистону Узбекистон 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.

Муҳимон аст, ки мо дар соли ҷашнӣ қарори дорои аҳамияти таърихидоштаро қабул кардем, ки он ба баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо то ба дараҷаи иттифоқӣ нигаронидашуда аст.

Имрӯз санади стратегӣ – Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.

Мо итминон дорем, ки ин ҷавобгӯ ба манфиатҳои куллии халқҳои мост ва омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни гуфтушунид дар доираи маҳдуд ва васеъ мо ба татбиқи амалии созишҳои қаблан қабулшуда эътибори хоса зоҳир намудем.

Боиси хушнудист, ки тайи се соли охир дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ ҳудуди 100 санади дуҷониба ба имзо расид.

Мо ба мувофиқа расидем, ки рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар муносибатҳои мо ҳамчунон авлавиятдорад.

Мо ба чараёни босуръати афзоиши гардиши мутакобилаи муомилоти мол, ки дар соли гузашта беш аз 600 миллион долларро ташкил дод, якдилона таъкид кардем.

Умуман дар давоми шаш соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ байни мамлакатҳои мо 40 маротиба афзуд!

Мо барои расидан ба ҳадафе, ки қаблан бо муҳтарам Шавкат Миромонович муайян карда будем, яъне гардиши молро ба як миллиард доллар расонидан пайваста пеш рафта истодаем.

Мо қайд кардем, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдузӣ, кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин дар бахшҳои металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ иқтидори бузург мавҷуд аст.

Мо ҳамчунин таъкид намудем, ки имкониятҳо дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, махсусан дар соҳаи тухмипарварӣ зиёданд.

Дар ин рох мо ахд кардем, ки робитаҳои доираҳои тиҷоратии мамлакатҳоямонро боз ҳам инкишоф диҳем.

Дирӯз мулоқоти ҷамъиятҳои тиҷоратии тарафҳо барпо гардид, ки дар он як бастаи томи шартномаҳои байни субъектҳо ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расид.

Таваҷҷӯҳи хоса ба зарурати истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори ҳамкории байни минтақавӣ зоҳир карда шуд.

Тайи чанд соли охир дар минтақаҳои мо тавассути анҷоми сафарҳои мутақобила ва роҳандозии робитаҳои корӣ фаъолияти хуб оғоз шудааст.

Даҳҳо чорабиниҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона баргузор шуданд.

Мо итминон дорем, ки минтақаҳои мо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар кооператсияи саноатӣ, бахши нақлиёту логистика, комплекси агросаноатӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва илмию техникӣ имкониятҳои калон доранд.

Бо дарназардошти таҷрибаи андӯхташуда дар ин самт мо пешниҳод кардем, ки дар нимаи дуюми соли равон таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар Форуми минтақаҳо ташкил карда шавад.

Зимни гуфтушунидҳо ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъкид гардид.

Иқдоми ҷиддӣ дар ин самт – якҷо бо муҳтарам Шавкат Миромонович оғоз бахшидани татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон оид ба сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони  Тоҷикистон аст.

Комёбиҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт низ қайд карда шуданд.

Мо бо камоли қаноатмандӣ зикр намудем, ки шаҳрвандони мо имкони рафтуомади озодона доранд.

Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро бе мамоният убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст.

Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст.

Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст.

Мо ахд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем.

Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Ин  самт бо назардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ду халқи бародар аҳамияти асосӣ дорад.

Дар рафти гуфтушунид мо ҳамкории худро дар соҳаи амният муфассал муҳокима кардем.

Мо ҳавасмандии муштараки худро ба таҳкими муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор кардем.

Бо назардошти вазъи мураккаби имрӯзаи байналмиллалӣ, мо омодагии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, бахусус  дар масъалаи Афғонистон бори дигар тасдиқ намудем.

Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздики Афғонистон ба истиқрори сулҳу ваҳдати дарозмуддат дар ин кишвар самимона манфиатдор аст.

Таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври созанда рушд мекунанд.

Мо аз талошҳои Узбекистон ба ҳайси раиси СҲШ дар соли ҷорӣ пуштибонӣ хоҳем кард.

Мо итминон дорем, ки саммити дар пешистодаи Созмон бо муваффақият мегузарад.

Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо изҳори итминони қатъӣ намуданд, ки тавофуқоти дар рафти гуфтушунид ва вохӯриҳои ҷонибҳо ҳосилшуда ба амиқсозии минбаъдаи ҳамкориҳо дар тамоми самтҳои пешбинишудаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон мусоидат хоҳанд кард.

Дар хотима мехоҳам бори дигар ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар симои Шумо ба халқи бародари Узбекистон барои истиқболи гарм, меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдории самимӣ баён намоям.

Ташаккур барои таваҷҷӯҳ!