Дар ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсия баргузор шуд

Азназаргузаронӣ: 460

23 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ- дастоварди бузургтарини таърих” доир гардид.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханронӣ дар конфронс нахуст фаро расидани 25-умин солгарди  Рўзи Ваҳдати миллиро ба сокинони ноҳия таҳният гуфт:

“Мо дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо азму талошҳои фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз парокандагӣ раҳо ёфта, сӯйи оромиву осоиштагӣ қадамҳои устувор гузошт. Ҷавонмардӣ, далерӣ, хирадмандиву меҳанпарастӣ, шуҷоату матонат, нангу номуси Пешвои муаззами миллат буд, ки мо дар марҳилаи ободи эъмори давлатдорӣ қарор дорем. Ҳар фарди худогоҳу ватанпарастро мебояд, ин сулҳу оромӣ ва ободии меҳанро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад”- таъкид кард раиси ноҳия.

Баъдан, Зафар Маҳмадҷонов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Гулбаҳор Маликзода, раиси анҷумани  “Пайванд” дар ноҳия, Зафар Аҳмад, сардори маҳфили “Ворисони Маъдан” сухан гуфта, қайд карданд, ки маҳз бо шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт.

Дар фарҷом раиси ноҳия аз ҳозирин даъват кард, ки ҳамеша барои ободкориву созандагӣ нигоҳдории осоишу ваҳдати миллӣ пайваста талош намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд