Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид

Азназаргузаронӣ: 1102

28-уми май дар вилояти Суғд Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музафар, муовини Раиси вилояти Суғд Мирдадо Зариф иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорию зотпарварӣ, беҳтар намудани зоти чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ ва бахши аҳолӣ ба ҳисоб меравад. 

Дар Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ аз ҷониби хоҷагиҳои чорводорӣ ва зотпарварии вилоят, инчунин шахсони алоҳидае, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд, чорвои калони зотӣ, гусфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои серпашми зоти тоҷикӣ ва сершир, аспҳои зоти тоҷикӣ, паранда, маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, моҳӣ ва хӯроки омехтаи чорво ба намоиш гузошта шуд.

Дар маҷмуъ, дар ин чорабинӣ 108 сар чорвои калони зотӣ, 144 сар гӯсфанду буз, аз ҷумла 88 сар гӯсфандони беҳтарини зоти ҳисорӣ, 10 сар аспи зоти тоҷикӣ, 400 кг асал, 210 кг моҳӣ ва 4,2 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда ба намоиш ва фурӯш пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ  иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома, сипоснома, инчунин туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд