Дар ноҳияи Спитамен корҳои саҳроӣ вусъат меёбанд

Азназаргузаронӣ: 1133

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ба хоҷагии деҳқонии «Миркамол» ташриф оварда, дар маъракаи кишти пахта иштирок намуд.

Дар ноҳияи Спитамен, ки аз навоҳии пахтакор маҳсуб меёбад, соли ҷорӣ тибқи нақша 6400 гектар пахта кишт хоҳад шуд. Бо гармшавии ҳаво корҳои саҳроӣ дар ноҳия вусъат ёфта, кишоварзон барои ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ меҳнат намуда истодаанд.

Раиси вилоят аснои суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки кишоварзони ноҳияи Спитамен дорои таҷрибаи калон буда, ҳамасола барои иҷрои нақшаҳои муайяншуда аз имконот истифода мебаранд. Бо ёдоварӣ аз супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят таъкид кард, ки бояд ҳар порча замин пурсамар истифода бурда шуда, ба кишти такрории зироатҳо низ диққати махсус дода шавад.

Бояд гуфт, ки имсол нақшаи кишти пахта дар вилоят 59 ҳазор гектар буда, барои сари вақт дар муҳлати оптималӣ гузаронидани кишти пунбадона аз ҷониби Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамбастагӣ бо раёсатҳои кишоварзии навоҳии пахтакор, олимону мутахассисони соҳа чораҷӯӣ гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg