Нақшаи истеҳсоли пахта то имрӯз 35,4 фоиз иҷро гардид

Ба санаи 28 сентябри соли 2022 нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 35,4 фоиз иҷро гардидааст.

Пахтакорони вилоят то имрӯз 47307,9 тонна "тиллои сафед" - ро ҷамъоварӣ карда, ба хирман супоридаанд.

Кмшоварзони ноҳияи Спитамен то 28 сентябр нақшаро 54,7 фоиз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 55,2 фоиз, ноҳияи Ҷаббор Расулов 48,7 фоиз, шаҳри Конибодом 38,8 фоиз, ноҳияи Мастчоҳ 31,3 фоиз, ноҳияи Зафаробод 21,1 фоиз, ноҳияи Ашт 19,2 фоиз иҷро намудаанд.

Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд