Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Азназаргузаронӣ: 542

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвари мо санаи 10-уми август Рӯзи варзишгарон мутантан таҷлил мешавад. Бо истифода аз фурсат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шумо, варзишгарон-муаррифгарони Ватанро ба ин муносибат табрик гуфта, саломатӣ, сарбаландӣ ва саодату комёбиҳо таманно мекунам.

Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифгари диёр буда, яке аз воситаҳои беҳтарини ҳифзи сиҳатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дарки аҳамияти ин нукта дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар вилоят 2797 иншооти варзишӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумора 49 варзишгоҳ, 1927 майдончаи варзишӣ, 617 толори варзишӣ, 38  ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ маҳсуб меёбанд.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хоса касб намоянд. Онҳо дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ, осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувва озмуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шуданд.

Бо ифтихору фараҳмандӣ иброз медорам, ки варзишгарони вилоят Комроншоҳи Устопириён, Ҳамроз Раҷабов, Ҷаҳон Қурбонов, Абдурахим Ёкубов, Фотима Гадоева, Абдусаттор Ғафуров, Кристиана Пронженко, Рухшона Саидова ва дигарон шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ боло мебардоранд, Парчами Тоҷикистони азизро дар варзишгоҳу майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон месозанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Миллати ҷисман солим руҳан низ солиму муқтадир мешавад”. Аз ин лиҳоз, бояд ба масъалаҳои оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш аҳамияти хоса дода шавад.

Шоистаи зикр аст, ки ҷиҳати рушду инкишофи намудҳои гуногуни варзиш дар вилоят, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, табодули таҷриба байни варзишгарони хориҷа ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоми Раиси вилоят баргузор гардида, варзишгарон ба нишондиҳандаҳои баланд ноил шуданд.

Ба ҳамаи Шумо, ҷавонон-варзишгарони номии вилоят барору комёбиҳо таманно мекунам.  

Рӯзи варзишгарон муборак, парчамбардорони миллат!