Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд

Cубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ярмаркаи мазкур дар ин мавзеъ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка ба сокинон аз бозор 20-50 фисад арзонтар маҳсулот пешкаш карда шуд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 400 тонна маҳсулотро ба харидоронпешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии маҳсулот дар ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд