Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкори ӯзбек Назирҷон Қодиров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назирҷон Қодировро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят аснои суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти ҳамкориҳоро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуд.

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух боздид карда, бо корҳои барқароркунӣ ва тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин аз пайомадҳои офати табиӣ шинос гардид.

26 июн дар Ҷамоати дехоти Ворух дар натиҷаи боришоти зиёд сел омада, ба манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоат ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигии онҳо хисорот ворид намуд.

15 соли муваффақият ва дастовардҳои ҶДММ “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”

Расо 15 сол пеш, 29 июни соли 2007 ҶДММ “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” таъсис ёфта, 26 июни соли 2009 дар арафаи таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти аввали корхонаи ғанигардонии маъдани ширкат мавриди истифода қарор дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин корхонаи бузурги саноатӣ боздид намуда, коргарони ширкат ва сокинони шаҳраки саноатии Зарнисорро ба муносибати 25 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 15 - солагии таъсисёбии “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” табрику таҳният намуда, барои амалӣ намудани иқдомҳои шоиста ва ноил шудан ба дастовардҳои бузурги истеҳсолӣ комёбиву муваффақиятҳо орзу кард.

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, боғи мазкур дар масоҳати 2000 метри мураббаъ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Архикад” амалӣ шуда истодааст ва дар арафаи анҷомёбӣ аст.

Анҷоми сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон

29 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмони олиқадр, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.