Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2021» ба тасвиб расид

( 1 Овоз )

Чун анъана ҳар сол озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда» гузаронида мешавад.

Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят,  инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб доир мегардад.

Бо қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд озмуни имсола бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат)», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ», “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)” гузаронида мешавад.

Низомномаи Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2021»

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд