Ба таваҷҷуҳи ҳунармандон! Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади рушди ҳунари сангтарошӣ ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад.

Озмун дар ду давр — даври ноҳиявӣ ва даври вилоятӣ доир гардида, дар он сокинон новобаста аз сину сол бо маҳсулоти худ метавонанд иштирок намоянд.

Ғолибони озмун бо дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд