Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» доир мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз...» гузаронида мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии маҳсулоти заргарии миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунари заргарии миллӣ ва коркарди сангҳои ороишиву қиматбаҳо ташкил гардида, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва сипас дар сатҳи вилоятӣ доир хоҳад шуд.

Ба ғолибони даври вилоятии фестивал диплому мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд