Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Шиносоӣ бо нақшаи бунёди боғҳо ва иштирок дар маросими бунёди боғи интенсивӣ дар Истаравшан

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Истаравшан соли ҷорӣ 100 гектар боғҳои гуногун ташкил карда мешавад. Дар ин бора зимни муаррифии нақшаи ташкили боғҳои нав, ки бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҶДММ "Муад"-и шаҳр сурат гирифт, иттилоъ дода шуд.

Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия боғҳои анъанавию интенсивии себ, нок, зардолу, олу, бодом ташкил карда мешавад.

Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Муад" тасмим дорад, ки боғи бодом ташкил намояд. Барои ташкили боғ як қисми ниҳолҳои зарурӣ аз Эрон ворид гардида, марҳила ба марҳила давоми сол то масоҳати боғ то ба 30 гектар расонида хоҳад шуд.

Ҷамъият ҳамзамон дар масоҳати 50 гектар парвариши офтобпарастро ба роҳ мемонад, ки таҷрибаи нав дар минтақа аст.

Раиси вилоят бо бунёди боғи бодоми ҶДММ "Муад" оғоз бахшида, барои татбиқи пурраи лоиҳа ва истифодаи самараноки ҳар порча замин супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти гармхонаҳои ҶДММ "Шарафи рӯз" шинос шуд. Чуноне иттилоъ доданд, дар ду гармхонаи ҷамъият, ки 0,08 га аст, парвариши помидору бодиринг ва лимӯ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти тару тоза барои таъмини бозорҳои шаҳр истифода мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоӣ бо нақшаи бунёди боғҳо ва иштирок дар маросими бунёди боғи интенсивӣ дар Истаравшан