Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизот дар ҶДММ “Шарафи рӯз”-и шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

12 январи соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст аз ҶДММ “Шарафи рӯз” боздид карда, бо рафти муҷаҳҳазсозии корхонаи истеҳсолӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхона истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад таҷҳизоти замонавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин бо маблағи 3,7 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст.

Корхона дар як сол метавонад 430 000 кг ашёи хоми кимёвиро, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, коркард намуда, 12 намуди маҳсулотро истеҳсол намояд. Тибқи нақша дар марҳилаи аввал то 60 нафар ва бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа то 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мешаванд.

Раиси вилоят барои иҷрои корҳо ва амалисозии пурраи лоиҳа ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин супоришҳо дода, қайд намуд, ки барои амалисозии ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии мамлакат бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст. Бо назардошти ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат ташкили боз як корхона саривақтӣ буда, ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар Истаравшан 50 корхонаи калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мебарад. Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба 577 880,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишодод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизот дар ҶДММ “Шарафи рӯз”-и шаҳри Истаравшан