Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Дар ноҳияи Спитамен имсол 100 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд хоҳад шуд

( 0 Овоз )

13 январи соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Уяс”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен шинос гардид.

Тавре зимни боздид аён гардид, аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар фасли сармо низ ба корҳои саҳроӣ машғул буда, барои бунёди боғи нав меҳнат намуда истодаанд.​ ​

Хоҷагии деҳқонии “Уяс”-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Тоҷикистон” соли 2006 ташкил шуда, дар он 62 саҳмдор фаъолият намуда истодаанд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 70 гектар замин буда, аз он 23,41 гектар заминҳои кормаи обӣ, 2 гектар боғот ва 44,5 гектар заминҳои корами лалмӣ мебошад.​

Дар хоҷагии деҳқонии “Уяс” 12 гектар замин барои кишти пунбадона ва 5,40 гектар замин барои кишти шолӣ омода карда шуда, айни ҳол дар майдони 4 гектар гандум кишт гардидааст.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ айни ҳол тасмим гирифтаанд, ки 1 гектар боғи куҳнаро решакан намуда, ба ҷойи он боғи нави интенсивӣ бунёд намоянд.

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки имсол дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар маҷмӯъ 100 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Спитамен имсол 100 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд хоҳад шуд