Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид

( 0 Овоз )

24-ноябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакии ноҳияи Деваштич ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатиро ба самъи сокинон расонид. Таъкид карда шуд, ки «соли равон тантанаҳои таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба соли ҷашни бошукӯҳи сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, ки сокинони вилоят низ ин санаи фархундаи таърихи миллатро бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтанд, ба мардуми шарафманду сарбаланди Ватани маҳбубамон рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуда, барои расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари шукуфоӣ ва пешрафт заминаҳои мустаҳкам гузошт.»

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ сокинонро бо  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки  таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ нишони ифтихор аз давлатдории имрӯза, эҳтироми бепоён ба гузаштаи пурифтихори миллат мебошад.

Сипас, ба якчанд афсарону сарбозон  Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд