Бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ миёни хонандаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи волейбол баргузор гардид.

Мусобиқаи варзишӣ бо ибтикори мактаби варзишии ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ карда шуда, даври аввали мусобиқа дар ҷамоату деҳоти ноҳия доир гашт  ва беҳтаринҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Даври ниҳоии мусобиқаи волейбол дар толори варзишии мактаб-интернат, воқеъ дар шаҳраки Меҳрон баргузор гардид, ки дар он 8 даста  байни ҳам рақобат намуданд.

Маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи варзишӣ дар майдони Парчами назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  доир ва ба соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд