Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд

( 0 Овоз )

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1 млрд. 607,2 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли  2020-ум 134,8 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1 млрд. 192,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 239,4 млн. доллар ё 25,1 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 414,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 175,9 млн. доллар ё 73,5 фоиз зиёд  мебошад.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 123,3 млн. доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 187 ҳазору 217 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 236,7 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 57,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10,2 банди фоизӣ боло рафтааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 15 ҳазору 280 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 487 ҳазору 186 тонна семент ба маблаѓи 18 млн. доллари ИМА содирот шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагин ва либосворӣ аз он дарак медиҳад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 14,6 млн. доллари ИМА 903 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 2,2 млн. доллари ИМА ва 109 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 6,0 млн. доллари ИМА 2460 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 994 тонна ва ба маблағи 3,1 млн. доллар зиёд аст.

Дар 9 моҳи соли 2021 ба маблағи 15,5 млн. доллари ИМА 117 ҳазору 611 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 26950 тонна ва ба маблағи 2,7 млн. доллар зиёд мебошад. Ҳиссаи  хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 55,5 ва 28,4 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 25 ҳазору 830 тонна хушкмева ба маблағи 8,6 млн. доллар ва  81 ҳазору 764 тонна пиёз ба маблағи 4,4 млн. доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12 ҳазору 676 тонна зиёд шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 10 ҳазору 189 тоннаро ба маблағи 2,85 млн. доллар ташкил намудааст.

Содироти консерваҳои меваю сабзавот нисбат ба 9 моҳи соли 2020 ба миқдори 733 тонна зиёд шуда, дар ин давра ҳамагӣ 1 ҳазору 150 тонна консерваҳои гуногун ба маблағи 450,8 ҳазор доллари ИМА содирот шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд