Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Хуҷанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нўҳ моҳи соли 2021 ҷаласаи фаъолон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввал, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудири шуъба ва сардори идораҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ҳузур доранд.

Сипас, Бахтиёр Боқизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд оид ба бурду бохти шаҳрдорӣ давоми 9 моҳи соли равон иттилои муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки дар соли таърихии ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас  ноил гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз омилҳои ба вуқуъ пайваста чораҳои судмандро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд таъмин шудааст. Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126 фоизро ташкил дода, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 15 адад корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав ба маблағи зиёда аз 19,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, иловатан 164 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин аз ҷониби 71 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз афзоиш ёфтааст.  Дар ин давра номгўи маҳсулотҳои асосии истеҳсолшаванда низ 26 намуд зиёд шуда, 130 намудро ташкил дода, аз онҳо истеҳсоли 87 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шудааст.

Дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 13,8 млн. сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки он барои рақобатпазирии маҳсулотҳои воридотивазкунанда мусоидат намуда истодааст.

Давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ 51,01 км роҳҳо таъмир карда шуданд, аз ҷумла 33,95 км таъмири асосӣ ва 17,06 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шудааст. Асосан корҳои иҷрошуда аз ҳисоби буҷети вилоят 8 млн. 378,8 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 5 млн. 919,5 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 6 млн. 414,4 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 845,6 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ 21 млн. 558,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Баҳри кабудизоркунию ободу сабзгардонии кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 708 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 1 млн. 363,8 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, 46,0 ҳазор адад буттагули садбарг, 55,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг, 37,0 ҳазор дона карнайгул, 655,8 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Сипас, Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба пешравиҳо дар шаҳр андешаронӣ намуда, ҳамзамон баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, суръатбахшии иқтисодиёт ва маҷмуаъан рушди соҳоти мухталифи шаҳрдорӣ ба фаъолон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид