Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд

( 0 Овоз )

27 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба татбиқи амалии ҳадафҳо мусоидати созанда дошта бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ояндадори илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили робитаҳои минтақавӣ оид ба авзои кунунии ҷаҳон, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

 

ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд