Хабарҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд - 29.11.2021 13:43
Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем! - 29.11.2021 10:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:34
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд - 29.11.2021 10:21

Ифтитоҳи хобгоҳи сарбозон ва дигар иншооти ҳарбӣ

( 0 Овоз )

Ба муносибати Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 02267-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи мамлакат, воқеъ дар ҳудуди вилояти Суғд як хобгоҳи дуошёнаи кушоду барҳавои замонавӣ ва якчанд иншооти дигари аҳамияти ҳарбидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ширкат варзида, бо шароити иншооти нав шинос гардиданд.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бо 350 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, он дар масоҳати 630 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншооти мазкур бағайр аз мавзеи хоби ҳайати шахсӣ, инчунин чанд утоқи корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмативу маишӣ ва ҳам фароғатӣ, ҷойи махсуси хушк намудани либосу пояфзол, хонаи нигоҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ташноб, ҷойи дастурўшўйӣ, амборча ва дигар утоқҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудааст.

Дохили бино ва утоқҳои кориву хизматрасонии иншооти мазкур, барои фаъолияти рўзмараи ҳайатӣ шахсӣ, бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва бо дигар шароити лозимаи маишиву фароғатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Илова бар ин, баҳри назорати доимии ҳудуди қисми ҳарбӣ дар дохил ва атрофи бинову иншооти он видеокамераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, хобгоҳи сарбозон ва дигар бинову утоқҳои кориву хизматии афсарону сарбозон ба системаи ягонаи гармидиҳӣ низ пайваст мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ, роҳраву ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур мумфарш карда шуда, дар назди хобгоҳ 3 суҳбаткада бунёд ва атрофи иншооти мазкур, бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Вазири мудофиаи мамлакат, Раиси вилояти Суғд ва ҳамроҳони ў, аз дохил ва ҳудуди хобгоҳ ва дигар бинову иншооти навбунёди қисми низомӣ дидан ба амал оварда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд ва аз кори анҷомдодаи сохтмончиёни ин бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони хобгоҳи навбунёду замонавӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2021, аз сифр оғоз карда шуда, он аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати мудофиа ва дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷетӣ дар муддати кўтоҳ ва бо тарҳу усулҳои муосири меъморӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки бағайр аз хобгоҳи кушоду барҳавои сарбозӣ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, инчунин дар дохили ин қисми низомӣ дар давоми як соли охир як бинои муҷаҳҳази таълимӣ бо 8 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои тобистона барои сарбозон, қаровулхонаи наву замонавӣ, бинои алоҳидаи ташноб, мавзеи дастрўшўйӣ барои ҳайати шахсӣ, анбори озуқаворӣ ва дигар иншооти ёрирасони зарури мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Зимни суханронӣ роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат ва Раиси вилоят аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва беҳдошти шароити рўзмараи хизмативу маишии афсарону сарбозон ёдовар шуда, ҳайати шахсӣ ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони ин марзу буми ачдодиро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз дар ҳудуди вилояти Суғд даҳҳо иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта аз нав бунёд карда шуда, бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ ва таъмиру тармим  шудаанд.

Дар ин замина, дар дохил ва ҳудуди қисму воҳидҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиаи мамлакат, воқеъ дар гарнизони Суғд, барои  ҳайати шахсӣ, биноҳои маъмуриву ситоди қисмҳои низомӣ, хобгоҳи сарбозӣ, ошхона, иншооти ёрирасони комуналӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангиву автомобилӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ, толору майдончаҳои ҳозиразамони варзишӣ, деворҳои мустаҳками атрофи қисмҳои низомӣ ва дигар шароити рўзмараву муҳим, ки барои гузаронидани машғулиятҳои гуногун ва маишату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудаанд, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи хобгоҳи сарбозон ва дигар иншооти ҳарбӣ