Хабарҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд - 29.11.2021 13:43
Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем! - 29.11.2021 10:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:34
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд - 29.11.2021 10:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Фарорасии санаи фархундаву таърихии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шарафманду сарбаланди вилоят табрик гуфта, орзу мекунам, ки  ин рамзи муҳими давлатдории миллӣ ҳамчун сарчашмаи ифтихор дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон абадан парафшон бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ  муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад».

Воқеан ҳам, Парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ,  ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвари кишварро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошад.

Боиси таъкид аст, ки Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин омилҳои муайянкунандаи ҳувияти миллӣ, таҳкимбахши ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар марҳалаҳои душвори бунёди давлати соҳибистиқлоламон таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои ба халқу Ватан содиқи миллат зери парафшонии он сарҷамъ гардида, ба ваҳдати миллӣ  ва суботи сиёсӣ асос гузоштаанд.

Соли равон тантанаҳои таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба соли ҷашни бошукӯҳи сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, ки сокинони вилоят низ ин санаи фархундаи таърихи миллатро бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтанд, ба мардуми шарафманду сарбаланди Ватани маҳбубамон рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуда, барои расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари шукуфоӣ ва пешрафт заминаҳои мустаҳкам гузошт.

Дар шароити имрӯза, ки тағйироту таҳаввулоти ғайриинтизори ҷаҳони муосир ва бархӯрди мафиати қудратҳои сиёсии ҷаҳон ба вусъат ёфтани хатару таҳдидҳои нав ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористию эсктресмистӣ шароит фароҳам меоварад, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлату давлатдорӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз пеш аҳамият пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо ва бахусус ҷавонони номбардори миллатро зарур аст, ки таҳти сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парафшонии Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, арзишҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоламонро сарбаландона ҳифз намоянд.

Чунонки Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, парафшонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам нишони мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили сиёсӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мост, ки  бо риояи суннати деринаи парчамдории гузаштагони пурифтихорамон ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамеша эҳтиром гузорем.

Таманно мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бар фазои орому осудаи Тоҷикистони азизамон ва мардуми он ҳамеша парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон