Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид

( 0 Овоз )

Субҳи имрўз дар майдони назди Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Раиси  вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид.

Дар ҷашнгоҳ деҳқонони вилоят аз навоҳии кишоварзӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон намуданд.

Раиси  вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кишоварзон ва сокинони шаҳри Хуҷандро бо Иди Меҳргон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад». Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад. Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд.

Таъкид шуд, ки имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзони мо, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми бисёр арзишманд гузошта истодаанд. Натиҷаи ҳамин заҳмати софдилонаи онҳост, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд шуда, садҳо ҳазор тонна меваю сабзавот ва меваи хушки аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда истодааст. Зимнан бояд гуфт, ки Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Раиси вилоят аз растаи деҳқонон боздид намуда, ба масъулини дахлдор дастуру супори дод, ки ҷиҳати фаровонии маҳсулоти ярмарка фурўши маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид