Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Фаронса Жерар Ларше мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

13 октябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, Фаронсаро шарики боэътимод ва ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳиму афзалиятнок маънидод намуданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва равобити барои ду кишвар судманд омодагии худро иброз доштанд.

Дар муносиботи ду кишвар ҳамкории байнипарлумонӣ мавқеъи хоса дорад ва ҷоннок кардани фаъолияти Гуруҳи дӯстии Фаронса — Осиёи Марказӣ ва робитаи байни вакилон ба эҷоди боварию эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба, инчунин заминаҳои ҳуқуқии онҳо, мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои омӯзиши системаи пешрафтаи меъёрҳои парлумонӣ ва ҳуқуқии Франсия омода аст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз рушди бобарори муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, дурнамои робитаҳоро дар бахшҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот идомаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо истифодаи таҷрибаи бойи Фаронса ва истифодаи имкониятҳои ширкатҳои фаронсавӣ зарур шумурда шуд.

Дар самти ҳамкорӣ дар бахши маориф фаъолияти босамари Маркази фарҳангии “Бактрия” (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус, Мундус ва Эразмус плюс, махсус қайд гардид.

Ҷиҳати таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассиааҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои аз байн бурдани мушкилоти гуманитарӣ, дахолати ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо доштани қисмати зиёди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа ва ҳифзи сарҳадот, пурзур кардани иқтидори мудофиавии сарҳад, тадбирҳои судмандро амалӣ месозад.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси сенати Фаронса Жерар Ларше даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.

 

ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Фаронса Жерар Ларше мулоқот намуданд