Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55
Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар - 02.12.2021 10:51
Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко - 02.12.2021 10:39
«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ - 02.12.2021 08:15
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд - 02.12.2021 08:09
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар Қалъаи Хуҷанд - 01.12.2021 13:52
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия - 01.12.2021 11:58
Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра татбиқ шуд - 01.12.2021 11:54
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 01.12.2021 09:10
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36

Маркази вилоятии ҳамоҳангсозӣ ва маркетинги Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 2 Овоз )

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45.

Тел: (3422) 6-59-70

Самтҳои фаъолият ва вазифаҳои асосии Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Суғд:

Дар самти татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахши энергетика ва саноат:

- муайян кардани таҳкурсии сиёсати минтақавӣ ва самаранокии механизмҳои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахшҳои  энергетика ва саноати вилоят, дар асоси таҳия намудани дурнамоҳои рушди соҳаҳои энергетика ва саноат ва тартиб додани барномаҳои  рушди ин соҳаҳо дар вилояти Суғд;

- муайян намудани самтҳои асосӣ ва роҳҳои афзоиши нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои энергетика ва саноат ва истифодаи самараноки манъбаҳои мавҷуда дар асоси таҳлили вазъи иқтисодию молиявии корхонаҳо;

- танзими масъалаҳои омўзиш ва азнавтайёркунии кадрҳо барои соҳаҳои энергетика ва саноат дар вилоят;

- дар асоси супоришҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтан ва назорат намудани иҷрои шартномаву қарордодҳои ба имзо расида;

- гузаронидани таьлиҳои моҳона, семоҳа ва солона оиди фаъолияти соҳаҳои энергетика ва саноати вилоят ва пешниҳод намудани ҳисоботҳои таҳлилию оморӣ ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқи тартиби муқараргардида ташаккул ва такмил додани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти комплекси энергетикӣ ва саноатӣ;

- таҳлили маҷмўи фаъолияти соҳаҳоро анҷом медиҳад ва ояндабинии рушди соҳаҳои комплекси энергетика ва саноатро ба роҳ мемонад, тавсияҳо таҳия мекунад ва тадбирҳои таъмини фаъолият ва рушди устувории онро пешниҳод менамояд;

- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи маҳсулот;

- ба ташкил ва рушди фаъолияти лизингӣ дар комплекси энергетикаю саноатӣ мусоидат менамояд;

- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои энергетикӣ ва саноатӣ санҷида, таҳлил мегузаронад;

- дар фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои комплекси энергетикӣ ва саноатӣ, рекламаи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ кўмаки иттилоотӣ  ва методӣ мерасонад;

- дар вилоят, ҷумҳурӣ, хориҷа ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо ва музоядаҳо ташкил ва доир менамояд, ба рушди робитаҳои бевоситаи истеҳсолгарон ва истеҳсолкунандагон кўмак мерасонад;

- ба фаъолияти воҳидҳои энергетикӣ ва саноатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо кўмаки методӣ мерасонад;

- дар қабули қарорҳо оид ба таъсис, навсозӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳои саноатии давлатӣ мувофиқи  тартиби муқараргардида ширкат менамояд;

- оид ба проблемаҳои такмил ва рушди комплекси энергетикию саноатӣ конференсияҳо, маҷлисҳои машваратӣ ва семинарҳо мегузаронад;

- гузаронидани таҳлил ва таҳияи дурнамои рушди ҳаҷми содироту воридоти маҳсулот бо комплекси энергетикию саноатии вилоят;

- тайёр намудани пешниҳодот ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оиди такмил додани тартиби содироту воридоти молҳо ва хизматҳо;

- тибқи тартиби муайянгардида ва бо назардошти таъғирёбии шароити иқтисодӣ ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод намудани таъғироту иловаҳо ба қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, дар самти сиёсати ягонаи давлатӣ дар бахши энергетика ва саноат;

- дар доираи ваколат ва салоҳият иштирок намудан дар гуфтушунидҳои байналхалқӣ, бо ташкилотҳои иқтисодӣ ва молиявии дигар давлатҳо, таъмин намудани онҳо бо маводҳои ахборотӣ барои фаъолияти самаранок дар миқёси вилоят. Марказ дигар ҳуқуқҳое, ки барои ҳалли вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда заруранд, низ доро мебошад.

ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия Маркази вилоятии ҳамоҳангсозӣ ва маркетинги Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон