Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Ғолибони озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» муайян шуданд

( 0 Овоз )

Нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» аз ҷамъбасти  озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон», ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуда буд, хабар дод.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод, дорои дониши баланди сиёсиву фарҳангӣ, эҷодкору навовар ва дӯстдори касби рӯзноманигорӣ, ҳамчунин  барои эҳёи мактаби шогирдпарварии назди идораи рӯзнома доир шуда, ба озмун даҳҳо маводу матолиб аз шаҳру навоҳии вилоят ва, ҳатто, берун аз он ворид гардиданд. Ҳайати ҳакамони озмун, журналистони касбӣ ҳар як маводро пурраву ҳамаҷониба омӯхта, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-24 ноябр озмун ҷамъбаст ва беҳтаринҳо қадршиносӣ гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун Амонҷон Мамадҷонов, донишҷуи соли сеюми факултаи  рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (барои маводи «Марде аз табори хуршед», «ҲС» 13.11, №136) бо Дипломи дараҷаи 1 ва тӯхфаи хотиравӣ, Сайҳона Зокирова - донишҷӯи соли дуюми бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 2 ва тӯҳфаи хотиравӣ, Рӯзигул Элчибойзода – донишҷӯи соли дуюми бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Дипломи дараҷаи 3 ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Ҳамзамон иштирокчиёни фаъоли озмун  Мавзунахон Мирзоева, магистранти соли дуюми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Ашӯров Нӯшервон донишҷӯи соли сеюми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бо  мукофоти ҳавасмандгардонӣ - Сипоснома ва  тӯҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз  гардонида  шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» муайян шуданд