Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

«Таҳти ин ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст»-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Истаравшан

( 0 Овоз )

24 ноябри соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, зиёиён, намояндагони васоити ахбори омма, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорони меҳнат ва ҷавонону наврасон ширкат варзиданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва ба толор ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аҳли нишаст ва тамоми сокинони шарафманди Истаравшани бостониро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамагон саодату саломатии бардавом ва ба Тоҷикистони офтобӣ осмони софу парафшонии ҷовидонаи Парчами саодати миллатро таманно намуд.

Гуфта шуд, ки Парчам рамзи сарҷамъиву иттиҳод, нишони соҳибдавлативу  соҳибистиқлолият, омили муттаҳидсозии мардум, заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ маҳсуб ёфта, таҳти ин ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Дар идома, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонида, кулли сокинони сарбаланди шаҳри Истаравшани бостониро ба муносибати ин рӯзи фархунда шодбош гуфт ва ба аҳли нишаст хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор орзу намуд.

Дар қисмати дуюми маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи пурмӯҳтавои идона ва рангини ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Таҳти ин ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст»-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Истаравшан