Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли равон дар Кохи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанавӣ  баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ мудири бахши кишоварзии вилоят Акбаров Саидимомхӯҷа иштирок ва сухан карда, кулли сокинони шаҳру деҳоти Панҷакенти бостониро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Раиси шаҳри Панҷакент сокинонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддас, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат маҳсуб ёфта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати мо ҳар сол санаи 24-уми ноябр чун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тантана таҷлил мегардад.

Пас аз хотимаи суханрониҳо чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокчиён гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд