Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Хуҷанд.Таҳти унвони “Тоҷикистон, ба пеш!” ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан” баргузор гардид

( 0 Овоз )

Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд, таҳти унвони “Тоҷикистон, ба пеш!” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода роҷеъ ба нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлолият ва ифтихору ватандорӣ маърӯзаи муфассал намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ба муносибати 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар қаламрави ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкилу баргузор намудани ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон -“Созандагони Ватан” роҳандозӣ гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Тоҷикистон, ба пеш!” дар арафаи таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зикр гардид, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Бешубҳа мақому манзалати ҳизб бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле боло рафтааст. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Дар ин радиф яке аз самтҳои асосии барномаи ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон пуштибонӣ менамояд.

Дар ҷараёни ҳамоиш  аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” Мижгона Худойдодова, Фарҳод Ҳоҷиев, сарбози қисми ҳарбии 3501 Шарифҷон Маҳмадалиев баромад намуданд.

Сипас, якчанд нафар ба аъзогӣ пазируфта шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва “Созандагони Ватан” тақдим карда шуд.

Дар аноҷми қисмати расмии ҳамоиш  Муроҷиатномаи  ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан”-и шаҳри Хуҷанд, таҳти унвони “Тоҷикистон, ба пеш!” қабул карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд.Таҳти унвони “Тоҷикистон, ба пеш!” ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан” баргузор гардид