Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Навиди Суғд


Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

( 0 Овоз )

Рӯзи 27 январи соли 2022 тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 28 январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомотҳои салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

( 0 Овоз )

27 январи соли 2022, тахминан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумори панҷоҳнафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло то маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Исфара ҳаракат мекард, маҷбуран боздоштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд.

Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомадааст. Ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қади пули дар боло зикр шуда (275 метр) мавқеъи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. Дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад.

Ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад.

Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд.

Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейки дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад.

Сокинони Исфара Иди Садаро бо шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

Дар  шаҳри Исфара ҷашни аҷдодӣ -Иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки идгоҳи асосӣ буд, техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироатҳо ба намоиш гузошта шуд, ки ифодагари  омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор буд.

Маҳсули ҳунарҳои мардумии  ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ироаи паёми табрикии худ  гуфт, ки дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар  радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон,  ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда,  бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд.

Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардад.

Дар рафти таҷлили ҷашни Сада дар вазъи тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар анҷом барномаи фарҳангии пурмӯҳтаво пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Густариши корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҷиҳати вусъати корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз ҷумла, рӯзи 26 январи соли 2022 дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Спитамен ва Ҷамоати шаҳраки Навкат корҳои ободонӣ иҷро шуда, дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд

Дар маъракаи ободонию кабудизоркунӣ раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода низ иштирок карда, ба масъулин дастур дод, ки ободкориро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш намоянд.

Гуфта мешавад, ки корҳои ободонӣ дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ идома хоҳад ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар Панҷакент Иди Садаро ҷашн гирифтанд

( 0 Овоз )

26 январи соли 2022 дар боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Муфассал...

ШУМО ДАР: Навиди Суғд