Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Кишоварзӣ

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар  таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 9 моҳи соли 2021, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 8 млрд 698,6 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 106,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 баробар мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 376623,2 тонна картошка, 447150,6 тонна сабзавот, аз ҷумла 151622,3 тонна пиёз,  68079,9 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37506,0 тонна зардолу, 137728,8 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 33338,2 тонна, истеҳсоли  сабзавот 16207,5 тонна, аз ҷумла пиёз 380,0 тонна, ангур 4375,0 тонна ва полезиҳо 65,9 тонна афзудааст.

Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 41620,4 тонна, гӯшти моҳӣ 405,1 тонна, шир 193836,1 тонна, тухм 456,4 млн. дона, пашм 1478,5 тонна, пилла 163,0 тонна ва асал 1407,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122,1 фоиз, гӯшти моҳӣ 114,4 фоиз, шир 100,9 фоиз, тухм 102,1 фоиз, пашм 102,3 фоиз, пилла 114,1 фоиз ва асал 101,8 фоиз таъмин гардидааст.

Бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти авввалиндараҷа ва сабзавоти тару тоза дар мавсими тирамоҳу зимистон ба фаъолияти сардхонаю гармхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар миқёси вилоят 36 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 1000 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 8680 тонна мебошанд. Айни ҳол, мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 378,5 тонна маҳсулот, аз ҷумла 198 тонна себ, 165 тонна ангур ва 15,5 тонна дигар намуди маҳсулот захира карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ 463 гармхона ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 454 гармхона ба роҳ монда шуд, ки аз он 289 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхона навъи инноватсионӣ мебошанд. Аз ин миқдор дар 278 гармхона парвариши сабзавот,  дар 179 гармхона парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят ба 14,5 гектар расонида шуд, ки аз он 6,4 гектар помидор, 5,7 гектар бодиринг ва 2,4 гектар дигар зироатҳо мебошад. Илова бар ин, майдони дарахтони лимӯ ба 9,6 гектар ва кӯчати гулҳо ба 3,81 гектар расонида шуд.

Дар соли 2021 тибқи дурнамо бунёди 170 гектар боғ ва   18 гектар токзор пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда мутаносибан 4,6 ва 1,4 баробар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 56 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 5184,5 тонна маҳсулот, аз ҷумла 860,6 тонна орд, 165,1 тонна равғани растанӣ, 121,1 тонна гӯшти чорвою паранда, 20,9 тонна моҳӣ, 214,2 тонна шакар, 128,6 тонна биринҷ, 1294,1 ҳазор дона тухм, 1278,3 тонна картошка, 497,9 тонна сабзӣ, 886,7 тонна бехпиёз, 327,0 тонна сабзавоти гуногун, 169,5 тонна полезӣ, 208,4 тонна меваҷот ва 306,2 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ(9 моҳи соли 2021) бо мақсади роҳандозӣ намудани таъминоти мунтазами оби полезӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ки омили муҳими баланд бардоштани боздеҳи замин мебошад, тадбирҳо андешида, аз ҳисоби буҷети вилоят барои таъмин намудани фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ 2140,0 ҳазор сомонӣ ва 20 тонна сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1060,0 ҳазор  сомонӣ ва 10,0 тонна сӯзишворӣ, Ашт 780,0 ҳазор сомонӣ ва 10,0 тонна сӯзишворӣ ва Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 674121 сар, аз ҷумла модагов 370662 сар, гўсфанду буз 1603905 сар, паранда 5423086 сар ва асп 8596 сарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ саршумори чорвои калони шохдор 7124 сар, аз ҷумла модагов 11400 сар, гўсфанду буз 22491 сар, паранда 516580 сар ва саршумори асп 127 сар зиёд шудааст.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рўзҳои 17-18 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» баргузор...