Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Сармоягузорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини  иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ мунтазам корҳои муайянро амалӣ менамояд.

Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷўҳи доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Дар вилоят шумораи субъектҳои хоҷагидор ба санаи 1 октябри соли 2021 аз аввали бақайдгирӣ 120848 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10447 адад зиёд шудааст.

Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рўи патент фаъолият мебаранд, ба 35688 нафар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 6692 нафар зиёд  мебошад. 

Шумораи субъектони тибқи шаҳодатнома  фаъолиятбаранда  якҷоя бо хоҷагиҳои деҳқонии ба қайди мақомоти андоз гирифташуда дар давраи ҳисоботӣ 76906 ададро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 3503 адад афзудааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 181,4 млн. доллари ИМА сармоягузории        ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 177,4  фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 163,1 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,3 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти сармояи мустақим ба 82,1 млн. доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба 65,5 млн. доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 2,3 ва 2,1 баробар зиёд аст.  

Баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои  молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ба ин васила таъмин намудани афзоиши иқтидори  содиротии минтақа, бо иштироки доираҳои соҳибкории ватанӣ, бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес - ассотсиатсияҳо ва намояндагони давлатҳои хориҷӣ, баргузор намудани форуму ярмаркаҳои байналмилалӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Соли ҷорӣ низ, новобаста аз маҳдудиятҳои бавуҷудомада, дар моҳи октябр баргузор намудани Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд-2021” пешбинӣ гардида, имкониятҳои содиротӣ ва потенсиали саноатию аграрии вилоят муаррифӣ карда мешавад.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рўзҳои 17-18 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» баргузор...