Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд - 16.04.2021 08:33
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд - 15.04.2021 18:23
Раиси вилоят дар ноҳияи Деваштич собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 15.04.2021 14:07
Оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ӯрунбек Ёқубови ноҳияи Деваштич - 15.04.2021 13:26
Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз боғҳои наву интенсивӣ - 15.04.2021 12:59

Дар Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода рамзи ҷашнӣ гузошта шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Бӯстон ба  ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҷашнӣ гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  хабар доданд.

Ҳамзамон чанде қабл қарори раиси шаҳри Бӯстон «Дар бораи таҷлили 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» ба тасвиб расида буд. Дар он зикр карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллии сокинони шаҳр, тарғиби дӯстиву рафоқат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бошукӯҳ таҷлил карда шавад.

Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баргузории якчанд барномаву озмунҳо, ба монанди «Беҳтарин донандаи ашъор», «Иншои беҳтарин», муаррифии осори Мирзо Турсунзода, ташкили конференсияю семинарҳо, баргузор намудани Ҳафтаи Турсунзодахонӣ, ташкил намудани маҳфили «Ширу шакар», омода намудани барномаи театрикунонидашуда, ташкили гӯшаҳои деворӣ, омода намудани сурудҳо аз ашъори шоир, баргузор намудани маҳфили адабӣ байни бонувони шаҳр таҳти унвони «Зан агар оташ намешуд…» ва ташкили барномаи шаҳрӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода рамзи ҷашнӣ гузошта шуд