Паёми табрикии Раиси вилояти Cуғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар кишвари соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз давлатдории навини тоҷикон ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳонии мо Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Арҷгузорӣ ба мақом ва манзалати забони давлатӣ, ки пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад, ин эҳтиром ба гузаштаи пурифтихори миллати мо, адабиёти оламшумул ва мероси ғании халқи тоҷик мебошад.

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

Устодону омўзгорони арҷманд!

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо якшанбеи аввали моҳи октябр Рўзи омўзгорон бо тантана ва шукўҳи хоса таҷлил мегардад. Боиси ифтихор аст, ки имсол иди касбии омўзгорон ба рўзҳое рост омад, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман, рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст.

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Таҷлили зодрўзи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устоди шоирон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар кишвари маҳбуби мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола 22 - юми сентябр доир гардида, вобаста ба он чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар сатҳи баланд ва бошукўҳ баргузор карда мешавад.

Ба муносибати фарорасии ин санаи фархунда сокинони сарбаланди вилоят, бахусус аҳли илму маърифат, устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон ва кулли алоқамандону шефтагони шеъру сухани оламгирро самимона табрику таҳният мегӯям.