Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосили картошка идома дорад

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар ноҳия шинос гардид.

Роҳбари вилоят аз ҷумла бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Валиғонд" таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбат намуд. Аснои суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ айни замон ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, кишоварзон нақша доранд, ки 105 ҳазор тонна картошка истеҳсол намоянд.

Ифтитоҳи иншооти гуногун дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ширкат варзид.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва инчунин коргоҳи дӯзандагӣ сохта шуда, барои анҷоми корҳо 700 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

13 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Валиғонди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.

Бинои муассиса аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ сохта шуда, барои 240 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст.

Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маросими баистифодадиҳии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 иштирок намуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Шиносоӣ бо сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №48 дар ноҳияи Айнӣ

13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №48-уми деҳаи Каздони деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи иншоот аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, тибқи харҷнома барои бунёди мактаб 6,4 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз корхонаи ресандагии  “Арвис Зелал Текстайл”, собиқ корхонаи “Олим-Текстайл" боздид намуда, бо васлу насби таҷҳизот ва таҷдиду навсозии хатҳои технологии корхона шинос гардид.

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони тоҷику турк ба кор андохта мешавад ва айни замон корҳои омодагӣ ва таҷдиду навсозии таҷҳизот ҷараён дошта, рӯзҳои наздик ба кор шуруъ карда, ҳамзамон фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мемонад.