Шиносоии Раиси вилоят бо рафти таъмири роҳ дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо ҷараёни таъмири роҳи Хуҷанд- Ашт шинос шуд.

Роҳи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорону саховатмандони ноҳия таъмир шуда истодааст.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят ба манзили Мақсуда Мадисмонова ва Абдусаттор Абдуғаффоров ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Дар ноҳияи Ашт корхонаи ҷӯроббофӣ бунёд карда мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръат дар ноҳияи Ашт корхонаи ҷӯроббофӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора зимни муаррифии лоиҳаи корхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд.

Бино ба иттилои масъулин корхонаи ҷорӯббофӣ бо ташаббуси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия ташкил гардида, тибқи лоиҳа корхона метавонад дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намояд. Дар назар аст, ки дар корхона 200 адад таҷҳизоти ҷӯроббофӣ гузошта шуда, то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд. Арзиши лоиҳавии фабрикаи ҷӯроббофӣ 910 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Шиносоӣ бо сохтмони иншоот дар ноҳияи Ашт

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти гуногун шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла ҷараёни корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, ки дар деҳаи Ашти болои Ҷамоати деҳоти Ашт ҷойгир аст, моҳи майи соли 2019 оғоз ёфта, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ карда шудааст.

Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт

20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” шинос гардид.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида соли 2020 аз ҷониби бародарон — соҳибкорон — Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо токзори нав бунёд гардида буд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони гармхонаи нав оғоз ёфт

13 июл дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди гармхонаи наву замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки ташкили гармхонаи нав барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза амри саривақтӣ буда, самараи ҳамкории судманди соҳибкорони тоҷику ӯзбек мебошад. Гуфта шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳо дар ҳоли рушд буда, минбаъд низ ҷонибҳо тарҳҳои муштаракро амалӣ хоҳанд кард.