Шиносоӣ бо сохтмони иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Гулистон

Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳои мурғпарварӣ идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон рафти сохтмони иншооти истеҳсолиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бо иқдоми ҶДММ "Парандаи заррин" дар шаҳр фабрикаи мурғпарварӣ сохта шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳамзамон дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби ҶДММ "Ганҷи Сомон" низ бунёди фабрикаи мурғпарварӣ идома дошта, бо фаъол гаштани ин ду фабрика даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ "Хубҷамъинвест" ва лоиҳаи хатти нави истеҳсолӣ

Дар ҶДММ "Хубҷамъинвест", ки ба коркарди ғалла ва истеҳсоли орд машғул аст, хатти нави истеҳсолӣ фаъол мегардад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд.

"Хубҷамъинвест" яке аз корхонаҳои калони истеҳсолкунандаи орд буда, айни замон дар анборҳои он миқдори зарурии ғалла захира карда шудааст. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар саҳм гузошта, хатҳои нави истеҳсолиро ворид намуда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд.

Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии минтақаҳои Сомғор ва Рухак

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати кунунии каналҳои минтақаҳои Сомғор ва Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, таъмиру навсозии иншооти обрасонӣ ба роҳ монда мешавад.

Боздид аз рафти сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии назди Қасри Арбоб

Тавре қалбан иттилоъ дода будем, ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида истодааст.

Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб сохта шуда, иншоот барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар Хуҷанд

18 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти гуногун шинос гардид.

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои баландошёнаи замонавӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ғайраҳо ҷараён дошта, корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат ёфта истодааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар партави сиëсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд шуда, масоҳати беш аз 2 гектарро дар бар мегирад. Бинои асосии муассиса аз ду ошëна иборат аст ва дорои 13 синфхонаи умумӣ ва фаннии таълимӣ, инчунин ҳуҷраҳои корию ëрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари дастҷамъии сокинони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи маориф анҷом ëфтааст.