Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Спитамен-текстайлз» ва ҶДММ "Ганҷи ҳилол" шинос шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот супоришҳо дод.

Бунёди кӯдакистони замонавӣ дар деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич

Дар деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ кӯдакистоне бунёд гардид, ки дар он 100 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии кӯдакистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Деваштич

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич аз "Гӯшаи деҳқон", ки дар сари роҳ ташкил карда шудааст, боздид намуд.

Дар "Гӯшаи деҳқон", ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ташкил гардидааст, наздик 50 нафар деҳқонону кишоварзон маҳсулоти тару тозаи худро ба фурӯш баровардаанд. Дар инҷо метавон анвои гуногуни маҳсулот, аз ҷумла нок, картошка, пиёз, себ, помидор, сабзӣ, харбуза, шафтолу, ангур, тарбуз, зардолуро аз дасти аввал харидорӣ кард.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Деваштич

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич собиқадорони меҳнат Юлдошбой Бойматов ва Норҷон Инлятоваро аёдат кард.

Юлдошбой Бойматов соли 1948 дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1966 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-ро хатм намуда, хатмкардаи институти ирригатсионӣ аст. Солҳои зиёд аз рӯи ихтисос ба сифати инжинер-механик фаъолият бурда, айни замон бо фарзандонаш дар хоҷагии деҳқонии оилавӣ кор мекунад.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич

25 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷун рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо харҷи 1,4 миллион доллари ИМА сохта шуда, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бинои муҳташами замонавӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 29 синфхона, 5 утоқи корӣ, лаборатория, толори хониш, китобхона,  ошхона, маҷлисгоҳ, толори калони варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳи "Соҳил" ва бинои Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон

Дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб меёбад, давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табобат гирифтаанд.

Дар Гулистон теъдоди зиёди осоишгоҳҳо мавҷуд буда, дар шаҳри соҳили Баҳри тоҷик барои истироҳату табобат беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.