Дар ноҳияи Спитамен корҳои саҳроӣ вусъат меёбанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ба хоҷагии деҳқонии «Миркамол» ташриф оварда, дар маъракаи кишти пахта иштирок намуд.

Дар ноҳияи Спитамен, ки аз навоҳии пахтакор маҳсуб меёбад, соли ҷорӣ тибқи нақша 6400 гектар пахта кишт хоҳад шуд. Бо гармшавии ҳаво корҳои саҳроӣ дар ноҳия вусъат ёфта, кишоварзон барои ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ меҳнат намуда истодаанд.

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Спитамен

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ҶДММ "Шири Спитамен" ва ҶДММ "25-солагии Истиқлолият" шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен” соли гузашта ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 60 садяк бунёд гардида буд ва аз ду хати истеҳсолӣ иборат аст. Дар корхона 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, шири қиёмкардашуда, сметана, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дӯғ, чакка, истеҳсол мешавад. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушкро дар бар мегирад. Истеҳсоли шири хушк, ки дар корхона ба роҳ монда шуд, дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан, он аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Шири хушк дар бозор рақобатпазир буда, инчунин, ба содирот нигаронда шудааст.

Дар ноҳияи Ашт кишти пахта идома дорад

5 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Гулшан»-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.

Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, дар хоҷагии мазкур имсол 12 гектар пахта кишт мешавад ва кишоварзон тасмим доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникиву нигоҳубини зироат ҳосили хуб ба даст оранд. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо деҳқонон таъкид кард, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишти пахта бояд ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонида шуда, ба кишти баҳории зироатҳо вусъат бахшида шавад.  

Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи кишти пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят дар хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов ва ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия якҷо бо пирони кор ба кишти пахта оғоз бахшида, бо кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом дод. Таъкид карда шуд, ки дар шароити феълӣ зарур аст, ки ҳар як порча замин самаранок истифода гардида, кишти зироати пешбинишуда бояд сари вақт ба анҷом расонда шавад.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр шинос гардид.

Зимни сафар нахуст роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Фароғат Тоҳирова ва Солиҷон Холматовро аёдат карда, ба онҳо тани сиҳату рӯзгори ободу осударо орзу намуд.

Ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд

2 апрел ва дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

Иқдоми мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифат амалӣ шуда, ба сокинон маводи ғизоии нисбатан арзон пешниҳод гардид.