Ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад

Дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, ҷамъоварии ҳосил идома дошта, то имрӯз 17000 тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии "Лангар" иттилоъ дода шуд.

Тибқи нақша имсол дар ноҳияи Мастчоҳ 28980 тонна пахта истеҳсол карда мешавад ва ҳамарӯза то 615 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда истодааст. Хоҷагии деҳқонии "Лангар" дорои 48,8 гектар замин буда, деҳқонон дар 40 гектари он парвариши пахтаро ба роҳ мондаанд. Аҳли заҳмати хоҷагӣ то ҳоло 100 тонна пахтаро ба корхонаҳои коркард супорида, тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи истеҳсолро иҷро намоянд. 40 нафар саҳмдорону чинакчиён дар саҳро машғули кор ҳастанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 2000 тонна чормағзи заминӣ ҷамъоварӣ карда шудааст

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи "Ашӯрзода"-и ноҳияи Мастчоҳ бо ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ шинос шуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосили зироат, аз ҷумла чормағзи заминӣ ҷараён дошта, кишоварзони ноҳия ҳосили хуб ба даст меоранд. 

Чормағзи замини яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор буда, дар ноҳияи Мастчоҳ парвариши он зиёд ба роҳ монда мешавад. 

Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ

12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пахта ва коркарди он ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар роҳбари вилоят бо фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи  ҶДММ «Музаффар компания» шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи коркарди пахтаи «Музаффар компания»  то кунун зиёда аз 2500 тонна пахта қабул намуда, беш аз 2000 тоннаи онро мавриди коркарди аввалия қарор додаст. Ин корхона соли ҷорӣ бо 230 хоҷагии деҳқонии ноҳия шартнома ба имзо расонида, дар вақти кишту кор кишоварзонро дастгирӣ намудааст. Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуда, ки истифодаи тухмии хушсифат боиси фаровонҳосилӣ гаштаву ҳамзамон барориши нах то 36-37 дарсад  буда, 59 дарсад чигит истеҳсол гашта истодааст. Дар ин корхона 36 нафар фаъолият доранд.

Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 79,1 фоиз иҷро шудааст

10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд.

Раиси вилоят аз ҷумла дар хоҷагии деҳқонии ба номи Бобо Мақсуд вазъи чиниши пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, дар ҷамъоварии ҳосил саҳм гузошт ва ба чинакчиёни пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Шиносоии Раиси вилоят бо мумфаршкунии роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад.

Аз ҷумла, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаи Навободи ноҳия мумфаршкунии 7 км роҳ ҷараён дошта, имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои мумфаршкунӣ шинос шуд ва барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ-инвест»  - ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омехтаи паранда ва чорво бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, метавонад дар як соат 20 тонна маҳсулот истеҳсол созад. Бо ба кор шурӯъ намудани корхона 40 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор доимӣ таъмин мегарданд. Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз 90%-и корҳо ба анҷом расонида шудааст.