Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух боздид карда, бо корҳои барқароркунӣ ва тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин аз пайомадҳои офати табиӣ шинос гардид.

26 июн дар Ҷамоати дехоти Ворух дар натиҷаи боришоти зиёд сел омада, ба манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоат ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигии онҳо хисорот ворид намуд.

Бо мақсади кӯмак ба сокинон дар Ворух ҳашари умумихалқӣ ташкил ва баргузор карда шуд ва ҳашарчиҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардида дар тоза намудани ҳавзҳои обнигаҳдорӣ ва саҳни ҳавлиашон мадад расонида истодаанд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр, раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ниҳодҳои марбута барои мунтазам расонидани кӯмак ба сокинон супоришҳо дода, дастур дод, ки корҳои бартарафкунӣ дар кутоҳтарин фурсат ба анҷом расонида шавад.

Бо дастури роҳбари вилоят техникаҳои зарурӣ сафарбар шуда, ҷӯйборҳои асосӣ тоза гардида, дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ таъмин карда шуд. Айни ҳол аз ҷониби ситоди махсус хисороти воридшуда омӯхта шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд