Дар вилояти Суғд 340 тонна пилла истеҳсол мешавад

Соли равон дар вилояти Суғд истеҳсоли 340 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии пилла идома дорад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз нуқтаи қабули пилла дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд.

Дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев имсол 500 қуттӣ кирмак тақсим гардида, кирмакпарварон тасмим доранд, ки 15 тонна пилла истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид кард, ки пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин "Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024" қабул карда шудааст ва барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Раиси вилоят барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ба кирмакпарварон тавсияҳо дода, ба занону бонувоне, ки ба ин шуғл машғул ҳастанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Сипас, роҳбари вилоят сокини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ Муҳаммадҷон Неъматовро аёдат кард. Оилаи Неъматовҳо солҳои зиёд инҷониб ба кирмакпарварӣ машғул буда, соли ҷорӣ 50 кг пилла месупоранд.

Раиси вилоят фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба оилаи Негматовҳо, ки аз оилаҳои намунавӣ аст, табрик карда, ба онҳо туҳфаҳои худро супорид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд