Раиси вилоят ба наздикони Сорбон Худойбердизода изҳори ҳамдардӣ намуд

Азназаргузаронӣ: 287

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хонадони оилаи Худойбердиевҳо рафта, ба аҳли оилаи афсар Сорбон Худойбердизода изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Сорбон Худойбердизода зодаи деҳаи Хишекати ноҳия буда, пас аз хатми Донишгоҳи олии ҳарбии Тоҷикистон дар Исфара кору фаъолият дошт. Мавсуф дар муноқишаҳои ахири марзӣ барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон қаҳрамонона шаҳид гардид.

Раиси вилоят зимни изҳори тасаллият таъкид кард, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.

Сипас, роҳбари вилоят собиқадори меҳнат Холйигит Соҳибовро аёдат намуд. Оилаи Соҳибовҳо ба деҳқонӣ машғул буда, барои таъмини зиндагии худ аз замин самаранок истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg