Дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич маркази қолинбофӣ бунёд мегардад

Азназаргузаронӣ: 277

29 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ба бунёди маркази қолинбофӣ асос гузошт.

Чуноне иттилоъ дода шуд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила дар маҳалҳо бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарони хонашин бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Сатторқулов Пиримқул маркази қолинбофӣ бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа барои анҷоми корҳо 400 ҳазор сомонӣ сарф шуда, 8 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ҳамин мавзеъ ҳамзамон лоиҳаи майдоначаи варзишӣ, ки аз тарафи соҳибкор Сайфиддинов Хироҷиддин сохта мешавад, муррифӣ гардид. Андозаи майдончаи варзишӣ 40х20 буда, баъди бунёд ва ифтитоҳи он 10 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин карда мешаванд.

Инчунин дар назар аст, ки аз ҷониби ҶДММ “Меваҳои Ҳазорчашма” дар ин деҳа як коргоҳи хурди мева ташкил шуда, меваи хуч коркард ва нӯшобаи он истеҳсол карда шавад.

Раиси вилоят аз ташаббусҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ истиқбол карда, барои бо сифати баланд бунёд кардани иншоот ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg